9 авг 2010

Хабардор намудани аҳолӣ дар бораи омўзиши касб

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизотӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, семинар дар мавзўи «Хабардор намудани аҳолӣ дар бораи омўзиши касб» гузаронида шуд. Семинарии мазкур дар тарабхонаи «Дўсти Амирхон» ш. Хуҷанд баргузор гардид. Иштирокчиёни семинар ин намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ, ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллӣ, раёсати маорифи вилояти Суғд, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилояти Суғд, шўъбаҳои маориф, агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати шаҳрҳову ноҳияҳои вилояти Суғд, инчунин омўзгорони муассисаҳои таълими ибтидоии касбии вилояти Суғд буданд.

 Дар семинарии серўза иштирокчиён бо кори касбомўзӣ байни мактаббачагон ва хатмкунандагони мактабҳои миёна ошно гаштанд.

Филме, ки тренер дар давоми семинар ба намоиш гузошт хеле муҳим ва шавқовар буд. Мазмуни асосии филм дар бораи интихоби касб ва касбомўзӣ дар байни мактаббачагони мактабҳои Олмон буд.

Чунин семинар дар Литсеи касбии алоқаи ш. Душанбе аз 4 то 6 августи 2010 сол барои намояндагони ҳокимияти маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон, инчунин намояндагони Вазорати Маориф баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

30 ноя 2017

Молодежь не приемлет насилие против женщин!

Вторая часть молодежной конференции «Молодежь за добрососедство и сотрудничество» (29 ноября 2017, г.Гулистон, Учебный центр НБТ) была посвящена акции «16 дней активизма против насилия в отношении женщин и девушек».

Минтақаҳои фаъолият