11 окт 2010

Гурӯҳи Мусоидатгар оид ба мониторинги Барномаҳои миллии рушд

7 октябр дар шаҳри Душанбе дар толори конфронси маҷмааи «Пойтахт» мулоқоти кории Гурӯҳи Мусоидатгар бо намояндагони ВИҶТ барпо гардид, ки дар он масъалаҳои иштироки амалии намояндагони ТҶШ дар Мониторинги Стратегияи Паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПСК), ки Ҳукумати Тоҷикистон қабул кардааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Гурӯҳи Мусоидатгар ба мониторинги Стратегияи Паст кардани Сатҳи Камбизоатӣ, ки ба он 19 ташкилоти ҷамъияти шаҳрвандӣ аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дохил мешаванд, ба МИҶТ усулу муносибатҳоеро, ки онҳо барои гузаронидани мониторинги ҷамъиятии СПСК истифода мебаранд, пешниҳод карданд.

Чи тавре ки шарикони ГМ таъкид карданд: «Ин мониторинг марҳилаи мобайнии мониторинги рафти татбиқи як қатор тадбирҳои интихобкардаи СПСК ва арзёбии таъсири татбиқи Стратегия ба сатҳи ҳаёти 420 оилаи пилотӣ, ки дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат зиндагӣ мекунанд, мебошад. Дар ин ноҳияҳо сатҳи дастрасии одамон ба хизмати тиббӣ, маориф, фароғат, ҷои корӣ, ғизои босифат ва ғайра дар соли 2010 мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Омўзиши динамикаи инкишофи ин оилаҳо то соли 2012 идома меёбад. Ин амал имкон медиҳад таъсири барномаҳои татбиқшавандаи рушд ба ҳаёти одамони оддӣ нисбатан босифат пешгирӣ карда шавад».

Дар рафти мулоқоти корӣ ҳамчунин ба диққати иштироккунандагон маълумот дар бораи таҷрибаи кори Гурӯҳи Мусоидатгар оид ба натиҷаҳои кори он роҷеъ ба мониторинги ҷамъиятӣ ва ҳисоботи таҳлилии чопшуда роҷеъ оид ба таҳқиқоти сурат гирифта пешкаш гардиданд.

Сипас иштироккунандагони мулоқот ҷанбаҳои ҳамкории ТҶШ-ро бо МИҶТ муҳокима ва баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, рӯзноманигорон ва роҳбарони ТҒҲ ширкат варзиданд.

Ҳабарҳои дигар

29 июл 2012

Долина мира выступает против экстремизма

28 Июля. В Канибадамском и Джабборасуловском районах Согдийской области Таджикистана стартовал проект по предотвращению религиозного экстремизма. Он выполняется членами Сети "Долина мира" в рамках Программы малых грантов.

27 июл 2016

Полевое исследование по вопросам оценки безопасности сообществ

В рамках проекта «Взаимодействие милиции с общественностью», реализуемого ОО АНТИ при поддержке международной организации Saferworld, 26-го июля в джамоате Чоркух г.Исфары и 27-го июля в джамоате Гулакандоз Дж.Расуловского района было проведено полевое исследование по вопросам оценки безопасности сообществ.

Минтақаҳои фаъолият