7 дек 2010

Ярмаркаи шаҳрии «Интихоби худро бикун»

Мақомоти иҷроияи ҳукумати ш. Хуҷанд ва ТҶ АЗИТ дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тавассути маориф ва таълими ғайрирасмӣ», ки онро Комиссияи Аврупоӣ сармоягузорӣ мекунад, ярмаркаи шаҳриро дар мавзӯи «Интихоби худро бикун» мегузаронад. Мақсади ярмарка ба хатмкунандагони мактабҳо ва аҳолии калонсоли бекор додани иттилоот дар бораи хизматҳои маорифии муассисаҳои маълумоти касбӣ ва мактабҳои олӣ мебошад. 

Интихоби дурусти касб аз бисёр ҷиҳат тақдири инсонро муайян мекунад. Касбинтихобкунии хатмкунандагони мактабҳо бояд раванди доимӣ гардад ва набояд бо маъракаи анъанавии «Рӯзҳои дарҳои кушода» дар муассисаҳои маълумоти касбӣ маҳдуд гардад. Дар бисёр мактабҳои олӣ моҳҳои сентябр-декабр кабули шунавандагон ба курсҳои тайёрӣ сурат мегирад. Ярмаркаи мазкур ба мактабҳои олӣ имкон медиҳад, ки ба абитуриентҳои ояндаи худ дар бораи шартҳои дохилшавӣ ба курсҳои тайёрӣ ва имтиёзҳо ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ баъди хатми курсҳои тайёрӣ маълумот диҳанд.

Баробари хаткунандагони мактабҳо бояд ба аҳолии калонсоли бекор низ диққат дода шавад. Мавсими кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия суст мешавад ва одамон дар зимистон ба ватан бармегарданд. Махфӣ нест, ки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ бе тайёрии дахлдори касбӣ ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Муассисаҳои маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ярмарка иттилоъро дар бораи хизматҳои худ на танҳо ба хатмкунандагони мактабҳо, балки ба одамони калонсол низ пешкаш карда метавонанд. Дар ярмарка калонсолон дар бораи имконияти дар мӯҳлати кӯтоҳ дар курсҳои гуногунмӯҳлат азхуд кардани касб маълумот гирифта метавонанд.

Дар ярмарка муассисаҳои маърифатӣ ҳамчунин стенд/гӯшаҳои иттилоотӣ тайёр мекунанд. Муассисаҳои маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ метавонанд намоиши маҳсули шогирдони худро тайёр кунанд. Стендҳои иштироккунандагони ярмарка вобаста ба категорияи муассисаи маълумоти касбӣ ва мактабҳои олӣ гурӯҳбандӣ мешаванд. Дар байни муассисаҳои категорияҳои дахлдор озмуни «Беҳтарин стенд/гӯша» гузаронида мешавад. Комиссияи махсус натиҷаҳои озмунро ҷамъбаст мекунад. Ҳангоми ҷамъбаст иттилоънокӣ, формати пешниҳод кардани иттилоъ ва ҷаззобии стенд-гӯша ба эътибор гирифта мешавад. Барои мактабиён ва аҳолии бекор бошад викторинаҳои мухталиф ва возиҳои шавқовар барпо карда мешаванд.

Агар мароқ зоҳир кунед Мо Шуморо 22 декабри соли 2010 дар боғи истироҳату фароғати ба номи Камоли Хуҷандии ш. Хуҷанд интизорем.

Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат кунед:

Мақомоти иҷ¬роияи хукумати ш. Хуҷанд,

Суроға: ш. Хуҷанд, кӯчаи Р. Набиев 39.

Тел.: +992 (3422)432-51

Шахсони масъул:

Олимов У.С. +992(3422)6-77-90

Ғафуров А. +992 (3422) 4-26-14

ТҶ Ассотсиатсияи зиёиёни илмию техникии Тоҷикистон

Суроға: ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин 85а. Тел.: +992(3422) 6-24-32, 6-45-67

Шахсони масъул:

Фаррух Зохидов +992 92 778 5818

Темурмалик Рахмонов +992 92 777 0461

E-mail: f.zohidov@asti.tj

t.rahmonov@asti.tj

Ҳабарҳои дигар

21 дек 2015

Вохӯрии ҷавонони ҷамоатҳо Ворух ва Навгилем бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо ощоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 21 декабри соли 2015 дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд.

18 июн 2021

Мы выбираем, нас выбирают…

«Мы выбираем, нас выбирают…» Помните слова из популярной песни? Каждая женщина хочет любви, счастья и …самого лучшего мужчину рядом.

Минтақаҳои фаъолият