2 сен 2010

Филм доир ба мавзўи «Таҳсилот дар тўли ҳаёт»

Бо мақсади пешбарии ғояи таҳсилоти калонсолон ва баланд бардоштани обрўву эътибори муассиссаҳои ТИК филм доир ба мавзўи “ Таҳсилот дар тўли ҳаёт” ба навор гирифта шуд. Филми мазкур дар доираи лоиҳаи “Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад, таҳия карда шуд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз тарафи Институти Ҳамкории Байналмиллалии Ассотсиатсияи Университетҳои халқии Олмон (dvv international) ҳамҷоя бо Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон (АЗИТ) сурат мегирад.

Дар филм 10 муассиссаҳои ҳамкори ТИК ва инчунин 4 чорабиниҳои асосии лоиҳа сабт гардидаанд. Бахусус чорабиниҳое, ки бевосита аҳолии калонсолу беихтисосро дар бар мегирад, чорабиниҳое, ки ба таҳкими сохтори идоракунии ОКТ умуман саҳмгузорҳ мекунанад ва чорабиниҳое, ки бо бунёд кардани сохтори хизматрасониҳои маслиҳатдиҳӣ барои аҳолии минтақа, чорабиниҳое, ки барои беҳтар намудани имиҷи сохтори азнавшудаи ОКТ дар ҷамъияти муосири тоҷик мусоидат менамоянд.

Дар филм инчунин мусоҳибаҳо аз шунавандагони курсҳои кўтоҳмуддат, омўзгорони муассиссаҳои ҳамкори ТИК ва сарварони онҳо гирифта шуданд. Ҳамчунин мусоҳибаҳо аз менеҷери лоиҳаҳо, ки аз тарафи Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, аз сафири Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ва якум муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ гирифта шуданд.

Чуноне ки муовини якуми вазири маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳимов Ф.К. дар мусоҳиба қайд намуд: “Дар умум соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз равандҳои афзалиятноки соҳаи маориф ва сиёсати ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки тадриҷан рў ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Сол ба сол диққати одамон ба гирифтани таҳсилоти касбӣ дар ҳар зинаи маориф зиёд шуда, аз ин рў талабот ба таҳсилоти касбӣ низ меафзояд. Сарфи назар аз ин, мо як қатор мушкилиҳо дорем ва аввалан ин вобаста ба заминаи номустаҳками моддӣ-техникӣ ва номуносибии заминаи педагогии кадрҳои ҳайати таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.”

Мувофиқи шартномаи байни Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон, мо дар ҳалли мушкилот дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳамкории самарабахш дорем.”

Филм бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гашта, пахши он дар шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.

Инчунин дар доираи лоиҳа позитрону тахтаҳои иттилоотӣ дар ду марказҳои вилоятӣ- Хатлону Суғд таҳия ва ҷойгир карда шуданд.

Ҳабарҳои дигар

7 сен 2015

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара оғоз намуд

Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии UNICEF аз моҳи сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара оғоз намуд.

Минтақаҳои фаъолият