30 июн 2014

Имтиҳонҳо аз рӯи ихтисоси «Дӯзанда» ва «Муҳосиб бо дониши компутер»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Пешбарии имкониятҳои мардуми деҳот тавассути иштирок ва таҳсилот барои ҳаёт» санаи 14 июни 2014 сол хонандагони курси «Дӯзандагӣ» имтиҳон супориданд. Ҳамаи духтарон ба имтиҳон хеле тайёрии хуб дида буданд. Ин аз рӯи маҳсулоти дӯхтаи шунавандагони курс маълум буд. Шунавандагони курс ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ бо тайёрии хуб омаданд. Онҳо ба ҳамаи саволҳои имтиҳонгирандагон ҷавоб доданд.

Пас аз имтиҳон омӯзгори курс Райимбердиева Марғуба баҳои шунавандагонро эълон кард, хонандагон бошнад, ба ташкилкунандагон ва омӯзгорони курс миннатдории хешро баён намуданд.

30 июни 2014 сол дар чаҳорчӯбаи лоиҳа хонандагони курси «Муҳосиб бо дониши компутер» имтиҳон супориданд. Имтиҳон хуб гузашт. Шунавандагони курс дониши худро ҳам аз қисми муҳосибот ва ҳам кор бо компутер нишон доданд.

Ҳабарҳои дигар

17 июн 2022

Дар ҷамоати Хистеварз вохурии иттиллоти баргузор гардид

Дар чамоати Хистеварзи нохияи Бобочон Гафуров вохурии иттиллоти тахти унвони «Зуровари дар оила. Намудхои зуровари. Аломат ва сабабхои зуровари» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар ду махаллаи чамоати мазкур гузаронида шуд.

21 дек 2015

Вохӯрии ҷавонони ҷамоатҳо Ворух ва Навгилем бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо ощоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 21 декабри соли 2015 дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият