22 янв 2022

Тренинги 2-руза дар Ҳисор

Санахои 21-22 январи соли 2022 дар Хисор бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ тренинги 2-руза дар мавзуъи “Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила-ҷанбаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ” судяхо-коромузон ва кормандони дастгохи суди ташкил ва гузаронида шуд. Тренинг дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Ҳабарҳои дигар

16 июн 2020

"COVID-19" саҳми хешро гузоштанд

Кормандони Маркази Захиравии Занони ТЧ "АЗИТ" низ дар пешгирии паҳншавии бемории сироятии "COVID-19" саҳми хешро гузоштанд. Бо аҳолӣ дар минтакаи мақсадноки лоиха- Б. Ғафуров, яъне дар ҷамоатҳои Шаҳрак ва Ҳайдар Усмон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ҳамроҳи раисони кумитаҳои маҳалла онҳо ба хонахои ахолии максаднок рафтанд ва сӯҳбати профилактикӣ гузарониданд, ки дар ҷараёни он ниқобҳои муҳофизатӣ ва антисептикхо интиқол дода шуданд. Инчунин ба хар яке аз онхо буклетҳои иттилоотӣ дар бораи усулҳои муҳофизат аз коронавирус дода шуд. Дар маҷмӯъ, бо 100 оила сӯҳбатҳо гузаронида шуданд, ки ба онҳо 500 ниқоб ва 250 дона антисептик дода шуд. Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.

18 мар 2017

Фестивали дӯстӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Гурӯҳи тамосии ҷавонон (ГТҶ) - и ҷамоати Овчи-қалъача ба ифтихори ҷашни Наврӯз “Фестивали дӯстӣ” ташкил ва барпо намуданд. Дар мактаби № 8, ки маъмурияти он ташаббусҳои ҷавонони деҳаро дастгирӣ менамояд

Минтақаҳои фаъолият