28 янв 2019

Зӯроварии хонаводагӣ

Зӯроварии хонаводагӣ - ин омиле мебошад, ки ҳамаруза дар хурӯҷ аст. Имрузҳо дар тамоми чаҳон масъалаи зӯроварӣ вобаста ба зуҳуроташ ба таври аъло авҷ гирифта истодааст. Яке аз омилҳои зӯроварии хонаводагӣ ин низоъ мебошад. Бо сабаби маълумотнок гардонидан ва баланд бардоштани иқтидори нозирони минтақавӣ, кумитаҳои маҳаллаҳо, намояндагони ҷавонон, намояндагони оилаҳои дар қайдбуда, кормандони ҷамоатҳои Ворух, Сурх ва Чоркӯи шаҳри Исфара санаи 28 январи соли 2019 дар шаҳри Исфара омӯзиш гузаронида шуд. Мавзӯи омӯзиш «Низоъ. Асосҳои низоъ» буда, тренер барои иштирокчиён мафҳуми низоъ, намудҳои он, дарахти ихтилоф, роҳҳои ҳалли низоъро фаҳмонида дод. Дар давоми омӯзиш иштирокчиён бо усули хуҷуми ақлӣ, кор дар гурӯҳҳо масъалаи низоъро муҳокима намуданд. Омӯзиши мазкур танҳо барои гурӯҳи мардҳо аз  ҷамоатҳои мақсаднок гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Ассостсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

24 окт 2015

Асосҳои низоъ ва таҳаммулпазирӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо оғоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаҳои 12-13 октябри соли 2015 ва 23-24 октябри соли 2015 дар ноҳияи Исфара семинарҳо дар мавзӯи «Асосҳои низоъ ва таҳаммулпазирӣ» гузаронида шуд.

4 июн 2018

Пурсиши хона ба хона ҷиҳати муайян кардани шумора ва эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ

Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони худ, ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” дар давраи аз моҳи март то моҳи майи соли 2018 дар ҳамаи 8 ҷамоати ноҳияи Айнӣ...

Минтақаҳои фаъолият