15 май 2020

Барои оилаҳои шахсон/кӯдакони дорои маъюбият дошта, кӯмак расонида мешавад

Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати ноҳияи Айнӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии "АЗИТ" ва "ДАРО" ба оилаҳое ки дорои шахсон/ кудакони маъюбанд, дар шакли тақсимкунии маҳсулоти санитарӣ ва гигиенӣ кӯмак расониданд. Пешниҳоди кӯмак ба зиёда аз 2500 оила пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, 400 оилаҳои ниёзманде, ки дорои нафарони маъюбанд, маҳсулотҳои ғизоӣ мегиранд.
Кӯмаки мазкур дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар истифодаи офиятбахшӣ дар ҷомеа барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ мешавад ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкорӣ бо ТЧ “АЗИТ” ва “ДАРО” пешниҳод карда мешавад, амали мегардад.

Ҳабарҳои дигар

22 сен 2020

Сулҳ аз мо оғоз мешавад

Бахшида ба Рузи байналмиллалии Сулҳ, рузи 21-уми сентябри соли 2020, дар литсейи Донишкадаи политехникии ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд, дар доираи лоиҳаи "Сулҳ аз мо оғоз мешавад" дар байни хонандагони синфҳои 9 "А" ва 7 "В" дарсҳои кушод баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият