31 окт 2022

Таҳсилоти фарогир чист?

“Таҳсилоти фарогир чист? Оё кӯдакони маъюбиятдошт ба таҳсилот дастрасӣ доранд? Оё барномаи таълимиро мо метавонем ба эҳтиёҷи кӯдакони маъюбиятдошта мутобиқ гардонем?” – посух ба ин саволҳоро омӯзгорони 12 синфхонаҳои захиравии вилояти Суғд дар рафти омӯзиш оид ба “Таҳсилоти фарогир. Мутобиқ кардани барномаи таълимӣ барои кӯдакони маъюбиятдошта” , ки аз санаҳои 26 то 28 октябри 2022 сол дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, гирифтанд.
Ҳадафи асосии баргузории омӯзиш ин шинос намудани иштирокчиён бо мафҳуми таҳсилоти фарогир, саҳмгузории омӯзгорон дар пешбарии таҳсилоти фарогир, мутобиқ кардани барномаи таълимӣ бо назардошти эҳтиёҷи кӯдакони маъюбиятдошта мебошад.
Синфхонаҳои захиравӣ барои дастгирӣ намудани кӯдакони эҳтиёҷдошта дар рафти таълим аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди 49 МТМУ Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Аз он 12 синфхонаҳои захиравӣ дар вилояти Суғд таъсис шудаанд.
Дар давоми се рӯз иштирокчиён тариқи усулҳои интерактивии кор дар гурӯҳҳои хурд, муаррифӣ,бозиҳои накшбозӣ, лексия аз наздикӣ бо мавзӯи омӯзиш шинос шуданд.
Аксарияти иштирокчиён қайд намуданд, ки оиди таҳсилоти фарогир, консепсияи таҳсилоти фарогир, чӣ тавр мутобиқ кардани барномаи таълимӣ бо назардошти эҳтиёҷи кӯдакони маъюбиятдошта каму беш маълумот доштанд, аммо дар рафти омӯзиш пурра шинос шуданд.
Омӯзиши мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф ва илми вилояти Суғд дар доираи фаъолияти эътилофи миллӣ оид ба таҳсилот “Ассотсиатсияи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои таҳсилот” ва лоиҳаи “Пешбарии таҳсилоти босифат ва фарогир барои ҳама дар тӯли ҳаёт” бо дастгирии молиявии барномаи “EducationOutLoud” баргузор гардид.
 

Ҳабарҳои дигар

13 янв 2016

Вохӯрй намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Исфара бо ҷавонони ҷамоати Хонобод ва Нефтобод

Мувофиқи нақшаи кории моҳи январ, 13 январи соли 2016, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад, ки аз тарафи фонди UNICEF маблағгузорӣ карда шуда истодааст, вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон дар ноҳияи Исфара гузаронида шуд.

31 янв 2019

Оила бидуни зуроварӣ

«Оила бидуни зуроварӣ: оё ихтилофи оилави-ин зуроварист? Агар дар оила ихтилоф, низоъ ба миён омада, то ба латту куб оварад-ин хушунат аст? Чӣ чора бояд андешид?» бо чунин суолхо тренер Негматова Мунира омӯзишро оғоз намуд.

Минтақаҳои фаъолият