21 апр 2021

Чӣ сабаби пайдоиши хушунати хонаводагӣ мешавад?

Имрӯз дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобочон Ғафуров вохӯрии иттилоотӣ дар мавзӯи "Чӣ сабаби пайдоиши хушунати хонаводагӣ мешавад?" баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ занону мардони фаъол ва раиси маҳаллаи "7 Ганч"-и ин ҷамоат ширкат варзиданд. Кормандони лоиҳа дар бораи ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа маълумот доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ, инчунин мавзӯъи хариду фурӯши одамон ва равандҳои муҳоҷират, ки ба ҳаёти занон таъсир мерасонанд, гуфта гузаштанд. Аз тарафи иштирокчиён, ба мутахассисони лоиҳа саволҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ дода шуданд. Иштирокчиёни вохури хоҳиш карданд, ки чунин вохӯриҳо бештар баргузор карда шаванд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе гузаронида мешавад.

Ҳабарҳои дигар

22 янв 2019

Выездные консультации врачей

В рамках проекта “Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне сообщества для людей с инвалидностью в районе Айни”, который финансируется Европейским Союзом и Каритас Германия проведена ...

Минтақаҳои фаъолият