31 окт 2005

Оилаҳои камбизоаттарин: Роҳҳои зиндамонӣ

Вижагии асосии камбизоатӣ, чун зуҳуроти ҷаҳонӣ мавҷудияти қисми муайяни одамони мӯҳтоҷ мебошад, ки бо ин ё он сабаб, ки аксаран аз онҳо вобаста нест, имкони ба субут расонидани амалиёти фаъолона дар раванди беҳтар гардонидани ҳаёти худро надоранд, роҳи наҷотро аз вазъи ба миёномада намебинанд ва барои нисбат ба имрӯз беҳтар зиндагӣ кардан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.

Дар ин тадқиқот мо кӯшиш ба харҷ медиҳем низоми таъмини ҳаёти оилаҳои камбизоаттаринро ба мақсади ошкор сохтани имкониятҳои расонидани таъсир ба он омилҳое, ки ба баланд бардоштани сифати ҳаёти онҳо мусоидат мекунанд ё ки фаҳмидани сабаби аслии вазъи қашшоқонаи оила таҳлил намоем. Барои мо хамчунин масъалаи зерин аҳамияти калон дорад: чи тавр ин оилаҳо ба гурӯҳи оилаҳои камбизоаттарин афтоданд ва сабаби асосии истисно будани онҳо дар чист?

Тадқиқоти мо собит сохт: Ошкор карда шуд, ки на ҳамаи оилаҳо аз ҷумлаи оилаҳои камбизоаттарин метавонанд мустақилона, ҳатто бо ёрии назарраси барномаи рушд, ҳаёти худро беҳтар кунанд; ва дар ин ҷо ҳифзи нишонраси (адресии), ба қадри кофӣ асосноки иҷтимоии давлат лозим аст. Дар тамоми таърихи инсоният оилаҳое вуҷуд доштанд, ки ба шафқат ва ёрии бебозгашт мӯҳтоҷ буданд. Чунин оилаҳо дар ҷамъияти мо низ мавҷуданд.

Мо итминон дорем: пурзӯр кардани фаъолият дар макро – ва макросатҳ оид ба нарм кардани масъалаи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ бо истифодаи маълумоти илман асоснок дар бораи манзараи (вазъи) ҳақиқии қашшоқӣ бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ имкон медиҳад дар ин кори мушкил ба самараи назаррас ноил гардем.

Ҳабарҳои дигар

28 авг 2009

Летний лагерь на юге Кыргызстана

Сеть НПО ФД «Долина мира» с 23 по 26 августа 2009 года на юге Кыргызстана, провела летний образовательный лагерь, в котором приняли участие ученики старших классов из приграничных школ ФД.

4 мар 2018

Учебная поездка в Литву

C 22-го февраля по 3-ее марта текущего года была организована учебная поездка по обмену опытом в Литву 10 членов общественных советов по обеспечению общественного порядка целевых районов проекта

Минтақаҳои фаъолият