Ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон мушкилоти марзиро баррасӣ карданд
Убури сархад барои ҷавонониТоҷикистону Қирғизистон боз ҳам осон мегардад. Маҳз бошандагони минтақаи ҳаммарзи вилоятҳои Суғду Ботканд дар мизи гирд ҷамъ омада, ба саволҳои худ оид ба мушкилоти гузаргоҳи марзӣ аз масъулини Хадамоти марзбонииҚирғизистон посух гирифтанд.
Дар ҷамоати Қулунду бо иштироки гурўҳи тамосии ҷавонони деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи БобоҷонҒафуров ва деҳаи назди сархадии ноҳияи Лейлек бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулзарии байналхалқӣ" дарҚирғизистон дар ҳамдастӣ боАсосиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид. Ҷамъомадимазкур, бо мақсади тақвиятиробитаҳои дўстӣ ва ҳамкориҳоииҷтимоӣ-иқтисодии аҳолииманотиқи наздисарҳадӣ, ҷавонони аз синни 18 то 30 соларо ҷамъ овард.
Саволҳои пайдарпайи марзбонон, эҷоди монеа ҳангоми доштани молу маҳсулот, ё дастгоҳи техникӣ, тўл кашидани навбат барои пешниҳодиҳуҷҷат, тартиби истифодаи шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ яке аз мавзўхое буданд, ки сокинониҳаммарз бештар ба он таваҷҷўҳзоҳир намуданд.
Камолиддин Сатторов, бошандаи деҳаи Овчӣ-Қалъача, кинаворбардор аст, мегўяд: "Дар лаҳзаҳои аввал, ҳангоми гузаштани сарҳад бо дастгоҳи видеокамера мушкилӣ пеш меомад. Воҳиманест, ки дар мавсими тўй ё занги охир, моҳе зиёда аз даҳ маротиба марзро убур мекунам. Имрўз дарк кардам, ки он мушкилоте ки дар ин ҷараён бо ман ба вуҷуд омад,қоидаҳои оддие ҳастанд, ки донистани он ба хама муҳим аст. Дар ҳоле, ки барпои оила байни ду миллати ба ҳам дўст бештар мушоҳида мешавад".
Махмадиер Хасанов, намояндаи Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулзарии байналхалқӣ"дар поении чорабинӣ қайд кард, ки оид ба қоидаҳои асосии убури сарҳад дар минтақаҳои наздимарзӣтахтаҳои иттилоотӣ гузоштамешаванд.
Баъди интиҳои мизи мудаввариштирокчиён аз осорхонаи таърихии деҳаи Қулунду тамошо карданд.
Бояд зикр дошт, ки мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи "Тақвиятиҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Кирғизистон", дар чаҳорчўбаи лоиҳаи “Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмин намудани сулҳ ва рушди устувор” аз ҷонибиБарномаи Рушди СММ Тоҷикистон ва Қирғизистон бо шиори "Ҳамсояи хуб – дӯсти беҳтарин аст" доир гардид.