Ҷалби занон ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа

Якумин чорабиние, ки Гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Чоркуҳ мустақилона барпо намуданд, ин озмуни “Кани духтарон” буд, ки он 14 марти соли 2017 дар Маркази ҷавонони ҷамоати Чоркуҳ баргузор гардид.

Аъзоёни ГТҶ барномаи чорабиниро таҳия намуданд, Маркази ҷавонони ҷамоати Чоркуҳро ҳамчун макони гузаронидани чорабинӣ интихоб намуданд, ки ин иқдомро маъмурият дастгирӣ намуд. Ҷавонони ГТҶ Чркуҳ бо аъзоёни ГТҶ деҳаҳои Самарқардек ва Паски-ариқи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар тамос шуданд ва духтаракони Самарқардек ва Паски-ариқро барои иштирок дар озмун даъват намуданд.

Барномаи озмун аз намоиши либоси миллӣ, омода намудани таоми миллӣ, рақсу суруди Тоҷикистон ва Қирғизистон иборат буд. Иштирокчиёни ҳамаи ҷомеаҳо хеле хуб баромад намуданд. Ҷоизи қайд аст, ки на танҳо духтаракон, балки занони калонсоли Самарқандек низ  фаъол буданд. Онҳо бо якачанд барномаҳои консертӣ баромад намуданд, ки базмро боз ҳам шавқовартар гардонид.

Ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ бо тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Барпо намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани фаъолнокии занон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамояд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳамкории ҷавонони ҷомеаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ амалӣ карда мешавад ва аз ҷониби БРСММ дастгирӣ шудааст, гузаронида шуд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият