Рӯзи дуюми бизнес тренинг
Имрӯз, дар рӯзи дуюми тренинг оиди “Банақшагирии фаъолияти соҳибкорӣ” иштирокчиён фаъолона ба машғулиятҳо шурӯъ намуданд. Онҳо намунаи бизнес нақшаҳои пешакиро, ки аз тавсифи фаъолият, муносибати маркетингӣ ва нақшаи истеҳсолӣ иборат буданд, пур намуданд. Сипас, иштирокчиён коркардҳои худро оиди мақсади фаъолияти соҳибкории хеш барои 1 – 3 соли оянда муаррифӣ намуданд. Новобаста аз мушкил будани мавзӯъ иштирокчиён фаъол буданд. Бояд кордонии тренеронро махсус қайд намуд, ки онҳо дар ташкилотҳои бузурги қарзӣ ба монанди ҶСК “Бонки Эсхата”, ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ТАҚХ “Арванд” таҷрибаи бойи корӣ доранд. Ҳар як иштирокчӣ ба тренинги мазкур ҳавасманд аст, зеро ҳар яки онҳо пас аз ҷамъбасти тренинг ва пешниҳоди “Бизнес нақша”-и худ мехоҳанд ғолиби озмун гарданд ва фаъолияти соҳибкориашон аз ҷониби БРСММ Тоҷикистон маблағгузорӣ гардад.