ТОТ барои омӯзгорони мактабҳои мақсаднок дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим”

Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” аз 6 то 9 феврали 2017 сол давраи дуюми тренингҳо барои омӯзгорони 16 мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим” баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён имконияти гирифтани малакаҳои гузаронидани тренинг бо истифодаи усулҳои интерактивии омӯзишро доштанд. Тренинг дар шаҳри Гулистон, Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон барпо гардид.

Мақсадҳои тренинг:

  • Ташаккули салоҳиятҳои тренерӣ ва рушди малакаҳои омӯзиш ва гузаронидани тренинг аз ҷониби иштирокчиёни барномаи омӯзишӣ;

  • Ташаккули салоҳиятҳои тренерӣ дар ҷодаи лоиҳакашӣ ва гузаронидани тренинг: намунаҳо, сохторҳо, бозиҳо, машқҳо ва ғайраҳо;

  • Ташаккули салоҳиятҳои тренерӣ дар ҷодаи дастгирии фаъолияти тренерӣ дар ширкат: муайян намудани талабот барои таълим, арзёбии неруи иштирокчиён, тартиб додани ӣисобот оиди тренинг ва ғайраҳо;

  • Рушди хусусиятҳои зарурии тренери самаранок ва гузоштани супоришҳои инфиродӣ барои ишкишофи касбии минбаъда;

  • Ба даст овардани таҷрибаи мустақилона бурдани тренинг аз ҷониби иштирокчиёни барномаи омӯзишӣ ва алоқаи баргашти касбӣ (назорат) аз коршиносон ва ҳамкорон;

Омӯзгорон донишҳои гирифтаашон оиди тарзи ҳаёти солим дар машғулиятҳои берун аз дарсӣ ба хонандагони мактаб медиҳанд.

Лоиҳа бо дастгирии ЮНИСЕФ татбиқ карда мешавад.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият