Варзиш қосиди сулҳ аст

Имрӯз давраи ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс 40 нафар беҳтаринҳоро аз  ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва деҳаҳои Арқа ва Борбордуки Қирғизистон муайян кард.

Санаи 25 июл бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони (ГТҶ) ҷамоат тибқи нақша-чорабиниҳои муштарак дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" чорабинии варзишӣ таҳти унвони "Варзиш қосиди сулҳ!" баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур, бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Тахмина Нурматова, муовини раиси ҷамоати Хистеварз, дар як вақт узви  ГТҶ меҳмононро хайрамақдам намуда, зикр дошт, ки имрӯз Тоҷикистонро чун кишвари сулҳофар мешиносанд ва мисоли равшан баргузории имрӯза аксияи дӯстӣ аст, ки акси таҳкими риштаи дӯстии муносибатҳои ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.

Сараввал сокинони ҷавони ҷумҳурияҳои ҳамсоя дар викторина ширкат намуда, донишҳои худро оид ба кишварҳои ҳамдигар санҷиданд. Сипас, мусобиқа оид ба бокс байни наврасону ҷавонон аз рӯи вазнҳои аз 23 то 64 кг оғоз гардид. Дар натиҷа, 10 нафар ҷойи якум, 10 нафар ҷойи дуввум ва 20 нафар ҷойи саввумро ишғол намуда, соҳиби медалу ифтихорномаҳо гаштанд.

Диловар Пӯлотов, хатмкардаи мактаби №5, ҷамоати Хистеварз мегӯяд:

-Бори понздаҳум аст, ки дар мусобиқа оид ба бокс ширкат дорам ва бори дуввум дар қувваозмоӣ бо ҷавонони қирғиз ҷойи аввалро ишғол менамоям. Имрӯза чорабинӣ нисбат ба дигар мусобиқаҳо бисёр фарқият дошт, зеро маҳз дар ин чорабинӣ ман аввалин маротиба аз кишвари Қирғизистон дӯст пайдо кардам.

Дар охир, тақвими сол бо аксҳои ҳамҷояи тоҷикону қирғизон ба аҳли нишаст тӯҳфа гардид.

Ногуфта намонад, ки давраи аввали мусобиқа оид ба бокс санаи 24 июл баргузор шуда, дар он зиёда аз 60 нафар аз ҳарду кишвар ширкат доштанд.   

 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият