Семинар барои омӯзгорони мактабҳои мақсаднок дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим”

Дар чаҳрчӯбаи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад”, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ маблағгузорӣ карда шудааст, аз 11 то 14 январи 2017 сол аз ду семинари банақшагирифташуда аввалини он дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим” барои омӯзгорони мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои н. Б. Ғафуров ва ш. Исфара баргузор гардид. Семинари мазкур дар дар меҳмонхонаи “Хуҷанд де люкс” ташкил карда шуд.

Мақсади семинар – ин баланд бардоштани нерую иқтидори омӯзгорон ҷодаи зӯроварӣ, истифодаи маводҳои равонӣ - фаъол, сироятёбӣ бо ВНМО ва риояи тарзи ҳаёти солим мебошад. Малакаҳои азхуднамудаи омӯзгорон дар оянда ба на кам аз 600 нафар хонандагон дода мешаванд, ки онҳо барои баланд бардоштани иқтидори шахсӣ ва эҷодӣ, шавқу рағбат ба худшиносӣ ва муваффақият дар ҳаёт талабот доранд. Малакаҳои бадастоварда тавассути барпо намудани дарси кушод ё соати тарбиявӣ омӯзонида мешаванд. Аз ҷониби иштирокчии семинар Аббосов Аскар аз МТМУ № 58 ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар бораи ТҶ АЗИТ шеър эҷод карда шуд:

АЗИТ - ин як ташкилот,

Ҳал месозад мушкилот.

Аз кору мавзӯҳояш,

Ҷомеа шавад обод.

Тренинги дуюм дар моҳи феврал ба нақша гирифта шудааст, ки дар он иштирокчиён асосҳои тренерӣ ва усулҳои таълими интерактивиро меомӯзанд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият