МУЛОҚОТИ КОРӢ БО АЪЗОЁНИ ГУРӮҲИ ТАМОСИИ ҶАВОНОН

Дар моҳи феврали соли 2017, ҷаласаҳои моҳонаи кормандони лоиҳаи «Тақвиятиҳамкории ҷавонони ҷомеаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҚирғизистонХазина барои таҳаммулпазириибайналмилалӣ амалӣ карда мешавад ва аз ҷониби БРСММ дастгирӣ шудааст, бо аъзоёни гурӯҳҳои тамосии ҷавонон (ГТҶ)дар ҷойҳо гузаронида мешаванд. Дар ин вохӯриҳо нерў ва имкониятҳои ҷавонон, аъзоёни ГТҶ барои амалӣ намудани нақшаҳои муштарак, ки аз ҷониби онҳо бо ҳамсолони Қирғизистон дар давоми урдугоҳҳои байнисарҳадӣ дар моҳи декабри соли 2016 ва январи соли 2017 таҳия шуда буданд, омӯхта мешаванд.

Дар рафти ин вохӯриҳо ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои дарпешистода ба нақша гирифта мешаванд, ҷавонон барои ин ё он нуқтаи нақша шахсони масъулро муайян мекунанд, тарзи кор дар гурӯҳро меомӯзанд. Мутахассисони лоиҳа барои ҷавонон машваратҳои лозимро мегузаронанд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият