Тренинги панҷрӯза дар мавзӯи таҳия намудани видеоролики як дақиқа

Дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории байнисарҳадӣ барои таҳкими сулҳ ва рушди устувор”, ки бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), дар ҳамкорӣ бо ташкилоти“Ҷавонони Ош” (Youth of Osh) – и Қирғизистон дар шаҳри Боткент, Ҷумҳурии Қирғизистонтренинги панҷрӯза оиди таҳия намуданивидеои як-дақиқа бо истифода аз смартфонҳо ташкил карда шуд. Чорабинии мазкур аз 17 то 21 апрели соли 2017 баргузор гардид ва дарон намояндагони ҷавонони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонширкат варзиданд.

Мақсади ин тренинг таҳкими робита ва ҳамкорӣ байни ҷавонони кишварҳои ҳамсоя тавассути истеҳсоли маҳсулоти муштараки ВАО дар мавзӯи дӯстӣ, муносибати дӯстонава ҳамкорӣ буд.

Рӯзи аввал иштирокчиёнро аз Тоҷикистон хеле самимона пешвоз гирифтанд – бо нони анъанавӣ, равған ва суманак.

Барномаи бегоҳирӯзӣ аз қисмати фарҳанги иборат буд, ки дар он иштирокчиён дӯстони худро бо анъанаҳои мардуми худ ошно намуданд. Ба намояндагони Қирғизистон намоише, ки аз ҷониби бачаҳо аз Тоҷикистон омода гардида буд хеле писанд омад ва баръакс.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият