Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа аз Турсунзода таҷрибаи кории ҳамкасбони суғдии худро аз худ мекунанд

Дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», ки ТҶ АЗИТ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Saferworld ва дастгирии молиявии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартибот (INL) дар назди Департаменти давлатии ИМА амалӣ намуда истодааст, санаҳои 6 ва 7 апрели соли ҷорӣ аъзоёни Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеааз Турсунзода ба ш. Хуҷанд ташриф оварданд.

Мақсади асосии сафар ин мубодилаи таҷриба бо ҳамкасбони суғдӣ, инчунин омӯзиши фарҳанги муносибатҳои мутақобила ва анъанаҳои беҳтарин барои истифода дар татбиқи мини-лоиҳа дар Турсунзода буд. Дар ҷараёни сафар, як қатор вохӯриҳо бо Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ш. Гулистон ван. Б. Ғафуров, инчунин якчанд оилаҳоинамунавии ш. Хуҷанд ташкил карда шуданд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият