Ҳамсояи хуб – дӯсти беҳтарин аст!
Мувофиқи барнома дар нимаи аввали рӯзи санаи 1 август иштирокчиёни лагер аз рӯи шаклҳои геометрӣ ба гурӯҳҳо тақсим гардиданд. Гурӯҳҳои таъсисёфта дар оғоз интизориҳои худро дар рӯи когаз сабт намуданд.
Дилбархон Маматалиева, сокини деҳаи Кок-Тош ноҳияи Ботканд, хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Ош мегӯяд:
-Мақсади асосии ман аз иштирок дар лагер зиёд намудани шумораи дӯстонам аз ҳисоби сокинони ҷавони Тоҷикистон мебошад. Зина ба зина роҳи расидан ба ҳадафамро тай мекунам. Маҳз машқҳои имрӯза ба мо имкон доданд, ки ҳамдигарро хубтар шиносем ва ҳатто доир ба мушкилотҳои ҷойдошта сӯҳбат намоем.
Машқҳои интерактивии "Сатили об", "Пирях", "Тори анкабут", "Тоза кардани картошка", "Ҳифзи тухм" ва "Расми дӯстдоштаи ман" доир гардид. Гурӯҳҳо баъди баргузории ҳар машқ гирд ҷамъ омада, иштироки худро мавриди муҳокима қарор медоданд. Аз таассуроти иштирокчиён пай бурдан душвор набуд, ки машқҳои мазкур барои ташкили гурӯҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироӣ шароит фароҳам оварданд.
-Маҳз дар бозӣ онҳо дасти ҳамдигарро гирифта аҳлона монеаҳоро бартараф мекарданд,-қайд мекунад Сафура Бақосова, соҳибхоназан аз деҳаи Сомониён.-Ба онҳо нигоҳ карда, бовар намекардам, ки ҷавонон аз минтақаҳои гуногун ҳастанд.
Чорабинии мазкур дар чахорчубаи вазифахои иловагии лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" гузаронида шуда истодааст. Лоиҳа бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.