Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон

Дирӯз, 26 апрел сабади нон бо суманак ва анвои ширинӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон расид. Бо чунин хони идона зиёда аз 40 нафар сокинони деҳаҳои Мин-Орук, Мин-Булак ва Лейлек ба шаҳри Исфара ташриф оварданд. 
Дар МТМУ №56, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, Фестивали дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон бо иштироки аҳолии минтақаҳои ҳаммарз баргузор гардид. Ҷамъомади идона бо ташаббуси Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар робита бо Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулзарии байналхалқӣ" дар Қирғизистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тамосии ҷавонон (ГТҶ)-и ҷамоати Сурх дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Кирғизистон" ташкил карда шуд.
Ташаббускорони чорабинӣ, меҳмононро бо нону намак ба ҳузур пазируфта, зери ҳадафи шиносоӣ бо расму оин ва фарҳанги тоҷикон маҳсулоти ҳунари дастии бонувони адрасбофи ҷамоатро ба намоиш гузоштанд. 
Дар ибтидо чун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон садо дод. Сипас, аъзои ГТҶ бо барномаи адабӣ-фарҳангӣ баромад намуданд. Чун рамзи ногусастагии риштаи дӯстии ҳамсоякишварҳо ҷавонони Қирғизистон низ дар намоишномаи мусиқавӣ рақси муосирро иҷро карданд. 
Айдай Курсаналиева, ки ба Тоҷикистон бори аввал сафар дошт мегӯяд: “Аз меҳмоннавозии тоҷикон натанҳо ман, балки тамоми иштирокчиёни Фестивал басо шод гашта, ба ваҷд омаданд. Хушнудии хешро аз ширкат дар ин чорабинӣ мо-ҷавонон бо рақс изҳор намудем”. 
-Дӯстии мо бо Қирғизистон танҳо бо баргузории чунин фестивал ба итмом намерасад, -иброз медорад Миравезов Масъуд, узви ГТҶ аз ҷамоати Сурх. – Мо бо ҳамдигар ивази маълумотҳои телефонӣ карда, ваъда додем, ки дар олами маҷозӣ робитаро боз ҳам мустаҳкам мекунем.
Дар поёни Фестивали дӯстӣ баҳри хотира мизбонон ба мехмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуданд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият