Фестивали дӯстӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Гурӯҳи тамосии ҷавонон (ГТҶ) - и ҷамоати Овчи-қалъача ба ифтихори ҷашни Наврӯз “Фестивали дӯстӣ” ташкил ва барпо намуданд. Дар мактаби № 8, ки маъмурияти он ташаббусҳои ҷавонони деҳаро дастгирӣ менамояд, 18 марти соли 2017 меҳмононро аз деҳаҳои ҳамсоягии Мақсад, Интернатсионал ва Қулунду, аъзоёни ГТҶ, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, фаъолон ва пирони деҳаро пешвоз гирифтанд. Бо ҳамроҳии меҳмонон бо мақсади мубодилаи таҷриба аъзоёни ГТҶ аз деҳаҳои Боткен барои омӯхтани таҷрибаи ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои тамосии ҷавонони Овчи-қалъача ва се деҳаҳои Қирғизистон ташриф оварданд.

Дар назди даромадгоҳи клуби мактаб намоишгоҳи расмҳои ғолибони озмуни расми беҳтарин байни хонандагони мактабҳои мақсадноки лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ аз мо оғоз меёбад”, ки ТҶ АЗИТ бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ Тоҷикистон амалӣ карда менамояд, ташкил карда шуд.

Меҳмононро чун анъана бо нону намак ва таомҳои миллии тоҷикон пешвоз гирифтанд. Аз ҷониби занони ҳунарманд намоишгоҳ ва фурӯши маҳсулоти ҳунари дастӣ омода карда шуданд. Аъзоёни ГТҶ Овчи – ҷалъача барномаи консертии идона тайёр намуданд, ки дар он ҷавонони деҳа ва хонандагони мактабҳо ширкат варзиданд. Меҳмонон аз Қирғизистон низ дар барномаи консертӣ баромад намуданд. Дар консерт сурудҳо бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ садо даданд ва рақсҳои милливу муосир иҷро карда шуданд. 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият