28 май 2018

Ҷаласаи якуми Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳияи Айнӣ оид ба масъалаҳои марбут ба шахсони дорои маъюбият

Аъзоёни Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳияи Айнӣ оид ба масъалаҳои марбут ба шахсони дорои маъюбият дар ҷаласаи дуюми худ, ки рӯзи 28-уми майи соли 2018 баргузор гардид, ҷараёни иҷрои Лоиҳа оид ба дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд. Истифодаи таҷрибаҳои пешқадами ноҳияи Деваштич оиди тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, шомилшавии шахсони дорои маъюбият ба узвияти Кумитаи ҳамоҳангсозии ноҳиявӣ ва натиҷаҳои пурсиши хона ба хона ҷиҳати муайян кардани шумора ва эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буданд. Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия вазифадор карда шуд, ки барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳалро дар ноҳияи Айнӣ идора намояд.Иштирокчиён ҳамчунин фаъолиятҳои дарпешистодаи Лоиҳаро барои се моҳи оянда муҳокима намуда, омодагии худро ҷиҳати амалисозии онҳо баён намуданд.

Другие новости

20 июн 2011

Профилактика борьбы с радикализмом

В рамках проекта «Внедрение молодежной политики против радикализма», который реализуется с декабря месяца 2010г. ОО АНТИ совместно с “International Alert” провели однодневный лагерь под лозунгом «Профилактика борьбы с радикализмом» 13 июня в Б.Гафуровском и 17 июня в Аштском районах Согдийской области.

23 ноя 2015

Цикл воркшопов

С 4- го по 23 ноября в рамках проекта «Мир начинается с нас», финансируемого UNICEF, в джамоатах и селах г.Исфарфы и Б. Гафуровского района был проведен цикл воркшопов.

Регионы деятельности