1 окт 2015

Замин барои Маркази тибби!

Аз 01.10.2015 дар деҳаи «Ленин» ч. «Киров» ноҳияи Вахш Кумитаи маҳалли дар якҷоягӣ бо КЗ «Сайера» татбиқи лоиҳаи ташаббусҳои ҷамъиятро оғоз намуданд. Баъд аз пурсиши аҳолӣ бо таври PRA, масъалаи таъмири ҷўйборҳои деҳа хамчун мушкили интихоб шуд, вале баъдтар онҳо қарори худро тағйир доданд.

 Сокинони деҳот қарор карданд, ки бунёди як маркази тиббӣ мухимтар аст. Сокинони деҳа ин масъаларо барраси хисобиданд, зероки дар деҳа маркази тибби вучуд надошт  ва онҳо мачбур буданд, ки барои ёрии тиббӣ ба деҳаи ҳамсоя ё ба беморхонаи ноҳия Бохтар равона шаванд.

Бино ба иттилои муовини раиси КМ Анвар Пиров, сокинони деҳа барои рафтан ба беморхона пули калон сарф мекарданд. Баъд аз гузаштани як қатор семинарҳо барои сохтмони маркази тиббӣ Пиров Анвар қарор кард, ки қисми замини худро ҷудо мекунад. Барои ин, вай як роҳи душвори қабули ҳуҷҷатҳо оид ба заминро гузашт ва пас аз он сокинон бунёди маркази тиббиро оғоз намуданд. Дар ин кор роҳбари КЗ "Сайера" Чурахонова Рачабмо, узви КЗ Муродова Латофат, муовини раиси КМ Анвар Пиров ва узви КМ деҳаи «Ленин» Факиров чалб карда шуда буданд. Саҳми худро ба татбики лоиҳа, ҳамчунин сокинони деҳот гузоштанд. Сохтмони маркази тиббӣ аз 01.10.2015 то ҳол рафта истодааст.

Ҳабарҳои дигар

1 янв 1970

Вохӯрии ҳамкорони лоиҳа

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Бехатарии ҷомеаҳо дар водии Фарғона, ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ (ҶТ) дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Saferworld (Бритонёи Кабир) ва фонди ҷамъиятии «Фонд барои таҳаммулпазирии байналхақӣ» - и (ҶҚ) ва ТҶ МИР (ҶТ) амалӣ карда мешавад, санаҳои 21-22 ноябри 2014 сол дар ш. Бишкеки ҶҚ вохӯрии ҳамкорони лоиҳа барпо гардид.

Минтақаҳои фаъолият