22 дек 2020
Вохурии иттилооти дар Гимназияи ба номи “Гёте”
Санаи 22-уми декабри 2020 сол дар Гимназияи ба номи “Гёте” вохурии иттилооти баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттахид ва фаъолияти он дар чахон ва Точикистон доир гардид. Максад аз гузаронидани вохурии иттилооти ин баланд бардоштани сатхи маълумотноки ва маърифатнокии наврасон буда, чунин чорабини дар 3 мактабхои хусусии ш. Хучанд ба накша гирифта шудааст. Дар рафти чорабини кормандони ташкилот тарики пешкаши презентатсия оиди таърих, вазифахо, равандхои БРСММ маълумот доданд.
Инчунин, оиди Хадафхои Рушди устувор мавод пешкаш гардида, хамрохи иштирокчиён оиди 17 хадафхо мухокима гузаронида шуд. Барои хонандагони муассисаи мазкур маводхои таксимотии маълумоти пешкаш гардид.
Чорабинии мазкур бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид бо фармоиш ва маблағгузории Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи зиёиёни илми-техникии Тоҷикистон" амали гардид.