1 окт 2021

В рамках проекта "Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба хаёти корӣ"

1 октябри соли 2021 ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи "Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба хаёти корӣ” вохӯрии ҳамоҳангсозӣ баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур директори маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, сарварони марказҳо, менторони озмоишгоҳҳои инноватсионии ноҳияҳои мақсаднок, омӯзгорони компутерии марказҳои таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз ташкили вохӯрии ҳамоҳангсозӣ бархурдор намудани иштирокчиён оиди фаъолияти озмоишгоҳҳои инноватсионӣ, дарёфти роҳҳи ҳалли мушкилиҳои озмоишгоҳҳо мебошад. Дар рафти чорабинӣ менторони озмоишгоҳҳо ва омӯзгорони компутер оиди корҳои иҷрошуда ҳисобот пешкаш намуданд.
Инчунин, тариқи кор дар гурӯҳҳо барномаи 3 солаи маҳфили нав дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ таҳия гардид. Ба менторон вазифагузорӣ гардид, ки дар минтақаҳои худ барои намояндагони марказҳо дар чамоатҳо омӯзишҳо гузаронанад, то, ки мутахассисон омода гарданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи «Малакахо барои оянда ва гузариш ба хаети корӣ” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид.

Другие новости

29 июл 2012

Долина мира выступает против экстремизма

28 Июля. В Канибадамском и Джабборасуловском районах Согдийской области Таджикистана стартовал проект по предотвращению религиозного экстремизма. Он выполняется членами Сети "Долина мира" в рамках Программы малых грантов.

28 апр 2017

А ну-ка, девушки!

28 апреля в школе № 24 села Ходжаи Ало города Исфары с участием девушек соседних стран состоялось мероприятие под названием «А ну-ка, девушки!». Инициаторы мероприятия встретили гостей кыргызскими песнями и танцами как символ прочной дружбы таджиков и кыргызов.

Регионы деятельности