20 май 2020

СОVID-19, ки қариб ба ҳама соҳаҳои ҳаёт таъсирашро расонд

СОVID-19, ки қариб ба ҳама соҳаҳои ҳаёт таъсирашро расонд, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам бетараф нагузашт. Дар ин ҳолат ҳам кормандони милитсия тартиботи қонуниро риоя карда, дар ин рӯзҳои душвор онҳо дар якҷоягӣ бо табибони ҷасур дар сафи пеш муқовимат бурда, дар паҳн нашудани коронавирус қарор доранд. Ҳатто ҳаёту саломатии худро дареғ надошта, дар хизматанд. Ниҳоятан, кори кормандони милитсия аз тамос бо одамони дигар вобаста аст.
Мо дар бораи духтурон беохир сухан карда метавонем ... Онон шахсоне ҳастанд, ки мо қадр мекунему имрӯз ба онҳо сипосгузорем. Ҳаёти одамон аз онҳо вобаста аст.
Ташкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ-Техникии Тоҷикистон" низ дар мубориза бар зидди коронавирус буда, барои дастгирии кормандони милитсия ва духтурон саҳм гузошта истодааст.
Рӯзи 19-уми май, воситаҳои муҳофизатӣ-гигиенӣ ба кормандони тиббии ду беморхона супорида шуданд: беморхонаи марказии вилоятии Суғд ва беморхонаи шаҳрии Хуҷанд ва инчунин, 6 сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамагӣ 8 муассиса кӯмак гирифтанд:
- Беморхонаи марказии вилояти Суғд;
- Беморхонаи шаҳрии Хуҷанд;
- Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд;
- Шуъбаи корҳои дохилии ҶТ дар ш. Бустон (ШВКД);
- ШВКД ҶТ дар ш. Хуҷанд;
- ШВКД ҶТ дар Истаравшан;
- ШВКД -2 ҶТ дар Исфара;
- ШВКД ҶТ дар ноҳияи Б. Ғафуров.
Ҳамагӣ, ба ин муассисаю сохторҳо воситаҳои муҳофизатӣ-гигиенӣ супорида шуданд:
либоси муҳофизаткунанда - 236 дона, респиратор - 496 дона; антисептикҳо -144 дона (1 литр), айнакҳои муҳофизатӣ -136, дастпӯшҳои тиббӣ - 816 дона, хлор -21 кг. Ин кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ-Техникии Тоҷикистон” ва дар ҳамкорӣ бо намояндагии ташкилоти байналмилалии “Saferworld” (“Дунёи бехатар”) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи "Дастгирии ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа нигаронида шудааст", ки аз ҷониби шӯъбаи зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар ҶТ (INL) маблағгузорӣ карда мешавад, амалӣ гардид.

Другие новости

5 окт 2020

«Счастье», «Чистые руки - чистое сердце», «Дружба», «Миру мир»

21-го сентября во всем мире отмечался Международный День Мира. Школьники общеобразовательных учреждений № 25 и №47 Джамоата Чорку г. Исфары имели возможность отразить свои мысли на баннере на тему: «Что означает слово «Мир».

22 сен 2020

Мир начинается с нас

В честь Международного Дня Мира, 21-го сентября 2020 года в лицее политехнического института имени М. Осими в г. Худжанд в рамках проекта "Мир начинается с нас" были проведены открытые уроки среди учащихся 9 «А» и 7 «Б» классов.

Регионы деятельности