Мо гуногун ҳастем, аммо як ҳадаф дорем

Минбаъд ҷавонони деҳаҳои наздисарҳадии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача гурӯҳҳои худро ба таври муосир ташкил мекунанд. Чунин маҳоратро ба онҳо тренинги омӯзишӣ оид ба рушди малакаҳои корҳои гурӯҳӣ  ва ҷалби ҷомеа фароҳам овард.

Тренинги мазкур, санаи 13 июли соли равон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад, баргузор гардид.   

Ҳадаф аз он баланд бардоштани нерӯи ҷавонон-аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаҳои мақсадноки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба кор дар гурӯҳҳо ва рушди ҷомеа бо воситаи баргузории чорабиниҳо, ки ба боварӣ ва муносибатҳои дӯстона мусоидат мекунад, мебошад.

-Дар гурӯҳ нафарони гуногун ҷамъ мешаванд, аммо онҳо як мақсад доранд. Мисол, гурӯҳи тамосии ҷавонони (ГТҶ) ҷамоати Овчӣ-Қалъача як ҳадаф дорад, он ҳам тавассути баргузории чорабиниҳо офаридани сулҳ аст, - мегӯяд Оқилҷон Тоҳиров, узви  ГТҶ ва соҳибкори инфиродӣ.

Ӯ иброз медорад, ки дар тренинг оид ба ташкили ТИМ бори аввал ширкат мекунад ва донишҳои аз худ кардаашро минбаъд барои самаранок намудани кори гурӯҳӣ сафарбар хоҳад кард. 

Иштирокчии дигари тренинг Мубина Сатторова хулоса мекунад, ки "Таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар гурӯҳ басо муҳим аст, зеро бидуни онҳо зиддият  ба миён меояд".

-Ба ман бештар кор дар гурӯҳҳо маъқул шуд, зеро маҳз дар онҳо ҳифзи мавзӯъ бароямон осонтар мегардид, -мегӯяд Мубина.

Ногуфта намонад, ки дар доираи лоиҳаи зикраш боло баргузории чунин тренингҳо оид ба кори гурӯҳӣ ва ҷалби ҷомеа барои дигар ҷавонони минтақаҳои мақсаднок идома меёбад.

Новости

29
ноя

Толерантность и ее виды

Вчера в женском общежитии №2 города Худжанда прошел семинар на тему «Толерантность и ее виды».

Регионы деятельности