Лагери маърифатии ҷавонони деҳаҳои Сомониёну Кок-Тош ба анҷом расид

Зерлоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо ҷалби боз 40 нафар ҷавонони фаъоли деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон  гурӯҳҳои мақсаднокро ташкил намуд. Ташаббусҳои гурӯҳҳо дар лагери маърифатии Сомониёну Кок-Тош муайян шуданд.

Санаи 5 майи соли равон лагери маърифатӣ бо шиори "Ҳамсояи хуб-дӯсти беҳтарин аст"  ба охир расид.

Анҷоми лагер боиси оғози таҳкими ҳамкориҳои муштараки ҷавонони ду деҳаҳои наздисарҳадии ҳамсоякишвар гардид, зеро дар поёни он иштирокчиён кӯшиданд, баҳри ташкили майдон барои муоширати дӯстона ва таҳияи як қатор чорабиниҳои муштарак саҳми худро гузоранд.  Аз ҷумла, дар шаш гурӯҳҳо нақша-чорабиниҳои худро омода намуданд, ки аз он се ададаш дар деҳаи Сомониён аз ҷониби гурӯҳи сокинони ҷавони ташаббускор ва сеи дигараш дар Кок-Тош аз тарафи ҳамсолони онҳо доир мешаванд.

Бо ҳамин восита,  тибқи нақша,  курсҳои омӯзишӣ оид ба забони русӣ, таърих, аксбардорӣ,  форум-театр, кадбонугӣ ташкил гардида, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ низ дар назар аст.  Чорабиниҳои мазкур, аз ҷониби иштирокчиён бо ҷалби сокинони ҷавони  деҳаҳои мақсаднок то охири соли 2017 доир мешавад.

Лагер бо иштироки танҳо ҷавонони деҳаҳои Сомониёну Кок-Тош тибқи лоиҳа бори аввал бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд. Чорабинӣ  барои ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ равона гардида, маҷмӯи машқҳои интерактивӣ тӯли чаҳор рӯз барои муоширати ҳамдигар ва муҳокимаи манфиатҳои ҳарду ҷониб мусоидат намуд.

Новости

29
ноя

Толерантность и ее виды

Вчера в женском общежитии №2 города Худжанда прошел семинар на тему «Толерантность и ее виды».

Регионы деятельности