Исфара: 6 нафар ғолибони веломарафон муайян шуданд

Ҷавонони Қирғизистон барои иштирок ба веломарафон ба Тоҷикистон бе дучарха ҳозир шуданд. Новобаста ба ин, барои иштироки фаъолона се нафари онҳо ғолибият ба даст оварданд.

Шаш велосипедронҳои беҳтарин дар ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара санаи 18 сентябри соли равон муайян шуданд, ки се нафари онҳоро сокинони ҷавони Қирғизистон ташкил медиҳанд.

Веломарафон бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони ҷамоати мазкур, тибқи нақшағчорабиниҳои муштарак бо ширкати гурӯҳи мақсаднок ва ҷавонон аз ҷамоати Пасқи-Ариқи Қирғизистон доир гардид.

Чорабинии мазкур, таҳти шиори "Варзиш қосиди сулҳ аст" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣғтехникии Тоҷикистон баргузор шуд.

Хатсайри мусобиқа аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон то мактаби №58 ҷамоати Чоркуҳ муқаррар гашта, аз ибтидо то интиҳои чорабинӣ иштирокчиёнро кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи №2, ҷамоат роҳбаладӣ намуданд.

Дар натиҷа шаш нафар, аз ҷумла Абдималик Уулу, Маҳмуд Азимов, Айжигит Масейтов, Ибодулло Исроилзода, Жумадил Матазимов, Амирҳамза Юсупов ғолиб дониста шуданд. 

Баъди анҷоми веломарафон байни ҷавондухтарону ҷавонписарони ҳамсоякишварҳо дар шакли омехта дар чаҳор даста бозии волейбол доир гардид.

Дар ҷараёни бозӣ иттифоқӣ ва иттиҳодии гурӯҳҳо баръало мушоҳида мегардид ва аз ду минтақаи ҳамсоя будани ҷавонон ҳис намешуд. Онҳо бо имову ишора ба ҳамдигар мавқеи аъзои гурӯҳро дар майдон муайян мекарданд. Ҳатто задани тӯбро бо навбат аз ҳарду кишвар ба анҷом мерасониданд. Раванди бозиро бевосита омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ назорат намуда,  холҳои дастаҳоро бозшуморӣ мекард.

Дар охир ғолибони веломарафон ва бозии волейбол бо ифтихорномаҳо, тӯҳфаҳо ва медалҳо сарфароз гардиданд.

Новости

29
ноя

Толерантность и ее виды

Вчера в женском общежитии №2 города Худжанда прошел семинар на тему «Толерантность и ее виды».

Регионы деятельности