Ҳамкорӣ асоси муоширати самаранок аст

Имрӯз тибқи харитаи саёҳат ба "Водии Офтобрӯй" иштирокчиёни лагери маърифатӣ ба стансияи "Ҳамкорӣ чун асоси муоширати самаранок" расиданд.

Дар оғози рӯзи саввуми лагери маърифатӣ иштирокчиён ба ҷуфтҳо тақсим шуда, бе сухан танҳо бо имову ишора дар бораи оилаҳои ҳамдигар маълумот ҷамъ оварданд. Ин усул ба сокинони ҷавони деҳаҳои Сомониён ва Кӯктош имкон дод, то бе сухан муошират карданро омӯзанд ва бори дигар бо ҳамдигар аз наздик шинос гардида, риштаҳои дӯстиро мустаҳкам намоянд. Сониян, ин шумора аз 2 ба 4 ва то ба 6 нафарӣ расид. Сипас, ба гурӯҳи аввал вазифа супорида шуд то таърихи зодрӯзи кормандони Маркази таълимиро ҷамъ оранд. Гурӯҳи дуввум вазифадор гардид, ки маъмурияти биноро барои боз кардани  дарвозаи толор розӣ намояд.

Аъзои гурӯҳҳо  натиҷаи  гуфтугӯйро  бо кормандони Маркази таълимии Бонки миллӣ дар мизи гирд иброз доштанд. Аз ҷумла Камчыбек уулу Бакытбек, мегӯяд:

-Ман ҳарос доштам, ки бо сабаби надонистани забони тоҷикӣ мо аз ӯҳдаи иҷрои вазифа намебароем, лекин новобаста аз ин маълумоти даркориро ба даст овардем. Гурӯҳи мо ҳамин тавр, тарзи бо инсонҳои минтақаи ҳамсоя бурдани гуфтугӯй ва ҷамъ овардани маълумотро таҷриба карданд.

Акрамбег Сангинзода, узви гурӯҳи дуввум изҳор медорад:

-Дар ин машқ мо  дарк  кардем, ки бурдани гуфтугӯй барои ба даст овардани мақсад на ҳама вақт осон аст.  Ин дарҳоле ба даст меояд, агар гурӯҳ дар мадди аввал қарори умумии ҳадафнок қабул намояд, зеро таҷрибаи гурӯҳи мо нишон дод, ки бо як овоз бе машварат овоз баланд кардан ҳеҷ мақсад ба даст намеорад.

Дар ин замина, тренерон ба иштирокчиён оид ба ду навъи робита - вербалӣ ( бо сухан) ва ғайривербалӣ ( бо имову ишора) маълумот дода, дар намуди машқҳо таҷриба намуданд. Аз ҷумла тренер  бо ишора амалеро ба иҷро мерасонид, иштирокчиён маънои онро бо сухан изҳор медоштанд.

Муҳаббат, аз Қирғизистон қайд мекунад:

-Аз амали тренер ман фаҳмидам, ки намудҳои имову ишораҳо ба забони сокинони Осиёи Марказӣ як маъноро ифода мекунад. Аз ин сабаб, надонистани забонҳои ҳамдигар  баҳона шуда наметавонад ва ҳатто барои босифат иҷро шудани кор кӯмак мекунад. Далели ин машқе буд, ки дар он мо бе сухан арғамчинро ба даст гирифта, шаклҳои геометрӣ ва гулро тасвир намудем. Агар ин машқро бо сухан мекардем, бесарусомонӣ ба миён меомад.

Масрурахон, сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара ҷониби дигари ин масъаларо иброз дошт:

- Чашми якеро бастанд ва дуввум нафар бо сухан ба ӯ барои тасвири ситора бо воситаи арғамчин кӯмак мекард. Медидам,  назар ба нафари аввал, шахси дуюм бештар азият мекашад. Омӯзгорон ба мо фаҳмониданд, ки нафари нобино,  инсоне, ки чӣ гуна иҷро кардани корро намедонад ва ашхоси дигар бояд кӯмаки худро дареғ надорад. 

Иштирокчиён дар нимаи аввали рӯз хулосабарорӣ карданд, ки барои ҳамкории самаранок бояд бо назардошти нигоҳҳои умумӣ қарорҳои дуруст қабул намуд.

Дар нимаи дуввуми рӯз иштирокчиён ғайрат мекарданд, ба василаи машқҳои математикӣ маҳорати шунидани мусоҳибро пайдо намоянд ва  ҳамин тавр, фазои ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд оранд.  Ҳар лаҳза зикр мешуд, ки дастрасӣ ба иттилооти дуруст низ барои ба роҳ мондани робита нақши муҳим мебозад. Иштирокчиён дар машғулият шоҳид шуданд, ки чӣ гуна маълумот аз нафари панҷум ба шашум дар шакли ғалат пешниҳод гардид.

Бо назардошти ин, дар хотимаи рӯз кор дар гурӯҳҳо сурат гирифта, тарзи беғалат пешниҳод намудани иттилоот аз ҷониби иштирокчиён  пешниҳод шуд. 

Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи вазифаҳои иловагии лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" гузаронида шуда истодааст.  Лоиҳа бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Новости

29
ноя

Толерантность и ее виды

Вчера в женском общежитии №2 города Худжанда прошел семинар на тему «Толерантность и ее виды».

Регионы деятельности