17 mar 2022
Planning, management and monitoring, Public mandates
Дар минтақаҳои мақсадноки деҳаҳои Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Метари ноҳияи Спитамен лоиҳаи "Барномаи рушди ҷомеа дар Тоҷикистон" (CASA-1000) амалӣ шуда истодааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки лоиҳа - баланд бардоштани маҳорату малака ва иқтидори худидоракунии мақомотҳои навташкили маҳаллӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, барои аъзоёни Комиссияи лоиҳавии деҳа ва намояндагони ҷамоат семинари дурӯза таҳти унвони “Банақшагирии муштарак, идоракунии лоиҳаҳо ва назорат” ва “Мандати ҷамоат” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” бо мабалағгузории ҶДММ “ЦАИ Консалтинг” дар доираи лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ “CASA 1000” зерлоиҳаи «Барномаи рушди ҷомеа дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.