16 feb 2022

Social audit training

Ташкил ва гузаронидани ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ барои ҷомеаҳои баҳрагиранда имконият фароҳам меоварад, ки ҳисобот доир ба пешрафт, мушкилот ва ахбори молиявӣ дар доираи лоиҳа пешниҳод карда шаванд.
Инчунин ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ барои пурзӯр намудани назорат нисбати зерлоиҳа, инчунин таъминоти шаффофоият ва ҳисоботдиҳӣ дар доираи лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ ин раванди ҳамкории мақомотҳои масъул бо роҳбарон, фаъолон ва иттиҳодияҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ мебошад. Он бо низом, саривақт ва босамар ҳал намудани мушкилоти мавҷуда ва ба пайдо намудани имкониятҳои нав мусоидат мекунад.
Дар ин замина дар дафтари Исфарагии Бунёди миллӣ иҷтимоии маблағгузори Тоҷикистон дар доираи амалигашти лоиҳаи болозикршуда барои аъзоёни Нозирони ҷавон, Комиссияи лоиҳавии ҷамоат, Кумитаи лоиҳавии деҳа ва Машваратчиёни рушди ҷомеъ бо мақсади босамара гузаронидани ҷаласаҳои умумии боҳогузории баҳрагирандагон аз тарафи кормандон шарики омӯзиш ва мусоидат машварати дастурӣ гузаронида шуд.
Дар рафти машварати дастурӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги иҷтимоӣ машғулияти назариявӣ ва амалӣ барпо гашт.
Минбаъд, дар маҳаллаҳое, ки лоиҳаҳои афзалиятноки интихобгардида амалӣ шудаанд маъракаҳои Мониторинги иҷтимоӣ бо ҷалби кулли баҳрагирандагон гузаронида мешавад.
Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” бо мабалағгузории ҶДММ “ЦАИ Консалтинг” дар доираи лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ “CASA 1000” зерлоиҳаи «Дастгирии ҷомеа дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Other news

1 jul 2021

Within the framework of the project "Skills for future and transition to work life" UPSHIFT trainings in 7 target regions of the Sughd region were completed

Regions of Activity