29 apr 2021

Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ

20 апрели соли 2021 дар доираи лоиҳаи «Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд вохӯрии ҳамоҳангсозӣ бо намояндагони Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон Бина Кутипарамб - роҳбари бахши Рушд ва иштироки Наврасони барномаи Пешсаф, Мавзуна Нурханова - масъули барномаи инноватсия ва иштироки Наврасон, Каримова Фаридхон Мутахассиси бахши мониторинг оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар вилояти Суғд, директорони МТИ ва менторон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур сарвари маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Ашӯрматов Фирдавс Баҳромович иштирок карданд. Ҳадафи вохурӣ - муайян намудани устувории Озмоишгоҳҳои инноватсионӣ, мақсад ва вазифаҳои он буда, иштирокчиён бо усули ҳуҷуми зеҳнӣ мавзӯъҳои дар боло зикргардидаро муҳокима намуданд. Дар рафти чорабинӣ инчунин, муаммоҳои фаъолияти лоиҳаро гуфтугузор намуданд ва роҳҳои ҳалли онро дида баромаданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи “Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Other news

15 dec 2020

Первая встреча с Межведомственной рабочей группой

10 декабря 2020 года была проведена первая встреча с Межведомственной рабочей группой, созданной в рамках национальной стратегии Республики Таджикистан по противодействию экстремизму и терроризму на 2016 -2020 годы при Хукумате Б.Гафуровского района.

Regions of Activity