18 oct 2021

Духтарони гурӯҳи "Созандагон"

Духтарони гурӯҳи "Созандагон"-и ноҳияи Деваштич сохтани ашёҳои ороиширо омӯхтанд. Маҳфили мазкур дар як ҳафта 2 маротиба гузаронида мешавад. Ҳоло духтарон бошанд, бо дониши гирифтаашон лоиҳаи худро амалӣ карда истодаанд. Лоиҳа барои сохтани ашёҳои ороишӣ аз қоғазпораҳо равона карда шудааст. Ҳадаф аз ин кам кардани партофтани коғазпораҳо барои ҳифзи муҳити зист аст. Духтарон ашёҳои ороишии омодашударо ба фурӯш мебароранд, то ин ки фоида ба даст оранд.
Ташаббуси мазкурро ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи "Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ", бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон амалӣ карда истодааст.

Other news

6 nov 2018

Conducted studies

Public organization “Association of Scientific and Technical Intelligentsia of Tajikistan” within the framework of the project “Advanced support programme to Central Asian business intermediary organisations

Regions of Activity