Саёҳати ҷавонони Сомониёну Кӯк-Тош ба "Водии Офтобрӯй" оғоз гардид

    Дар нимаи дуввуми рӯзи санаи 31 июл соли 2017 корвони ҷавонони деҳаҳои Сомониёни шаҳри Исфара ва деҳаи Кӯк-Тоши ноҳияи Ботканд ба шаҳри Гулистон расид. Ҷавонони тоҷик ҳамсолони худро аз Қирғизистон аз рӯи анъанаҳои тоҷикон бо нону намак ва қарсакҳои бардавом пешвоз гирифтанд. 
Дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон лагери маърифатии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон таҳти унвони "Саёҳат ба водии Офтобрӯй" расман оғоз гардид. Лагери мазкур, бо мақсади устувор, ташаккули робитаҳои ҳамкорӣ, дӯстӣ ва беҳтар намудани муносибатҳои мавҷудаи байни насли ҷавони Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад. 
Дар рӯзи аввал мувофиқи барнома шиносоӣ, қабули қоидаҳо дар лагер ва харитаи саёҳат барои иштирокчиён муаррифӣ гардид. Новобаста аз надонистани забонҳо ҷавонони тоҷику қирғиз кӯшиш мекарданд бо истифода аз ишораҳо оид ба ҳамдигар маълумоти бештар ба даст оранд.
Дар лаҳзаҳои аввали муаррифии иштирокчиёни лагер сокинони Сомониён Муфтоҳиддин Қурбонов ва Акрамбек Сангинзода бо хушҳолӣ ба мо изҳор намуданд, ки бо умеди дарёфти дӯстон аз Қирғизистон ва омӯзиши забони қирғизӣ дар лагер ширкат доранд.
Чорабинии мазкур дар чахорчубаи вазифахои иловагии лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" гузаронида шуда истодааст. Лоиҳа бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Новости

29
ноя

Толерантность и ее виды

Вчера в женском общежитии №2 города Худжанда прошел семинар на тему «Толерантность и ее виды».

Регионы деятельности