Саҳми ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ афзун мегардад

-Новобаста аз миллат, забон, нажод ва дигар хусусиятҳо мо ҳама баробар ҳастем ва нисбат ба ҳамдигар бояд таҳаммулпазир бошем,-хулоса намуданд гурӯҳи тамосии ҷавонони Хистеварз. 

Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақаи мазкур, сессияҳои хурд оид ба "Таҳаммулпазирӣ" доир гардид. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд. 

Ташаббускорон гурӯҳро бо мафҳуми умумии калимаи "таҳаммулпазирӣ ва сулҳофарӣ" шинос намуда, сипас, филми тасвириро ба намоиш гузоштанд. Баъди итмоми филм иштирокчиён саволҳои "Аз намоиш чиро дарк кардед?", "Барои чӣ чунин шуд?", "Чӣ гуна сужаро тағйир додан мумкин аст?", "Оё ин ҳолатро бо ҳаёти ҳаррӯзаи мо муқоиса намудан мумкин аст?" -ро мавриди мубоҳиса қарор доданд. Аз ҷумла, ба саволи "Агар ба ҷои қаҳрамонҳо мебудед, кадом амалро иҷро менамудед?" ҳама бо як овоз ҷавоб доданд: "таҳаммулпазир мешудем ва ақидаву мавқеи нафари дигарро эътироф менамудем". Онҳо дарк мекарданд, ки танҳо шахси қавииродаву таҳаммулпазир мушкилиҳоро паси сар карда, дар пешрафти соҳаҳои гуногун метавонад саҳми арзандаи худро гузорад. 

Ҷавонон зикр доштанд, ки филми тасвирӣ низ метавонад барои калонсолон намунаи ибрат бошад. Аксар маврид ба хотири монанд будан ба ҷомеа, мо, ниқоб ба рӯй мекашем, аммо аз нафари дорои андешаи интиқодӣ канора меҷӯем, ки аслан нодуруст мебошад.  Онҳо иброз намуданд, ки дар ҷараёни баргузории корҳои ҷамъиятӣ рафторҳои ноҷоро маҳз дар ҷавононе мушоҳида намудаанд, ки оид ба ин мафҳум огоҳӣ надоранд.

Дар раванди дарс гурӯҳи тамосии ҷавонон оид ба назарияи "Таҳаммулпазирӣ" ва "Инсони таҳаммулпазир"маълумот ба даст оварданд. Дар як вақт доир ба мавзӯъ иштирокчиён аз намунаҳо мисол оварданд. Инчунин гурӯҳи тамосии ҷавонон тасмим гирифтанд, дар ояндаи наздик барои ҳамсолони худ оид ба таҳаммулпазирӣ чорабиниҳои омӯзишӣ ташкил намоянд.

 

News

29
nov

Tolerance and its types

"Tolerance and its types", was the topic of the workshop organized in the Hostel #2, of Khujand city.

Regions of Activity