Ҷавонон ба "Исфарафуд" сафар карданд -

Чӣ гуна хушк кардани зардолуро медонем, ба мо ин усулро дар сехҳо нишон диҳед,- бо чунин муроҷиат ба Равшан Ҳасанов тренинг оғоз гардид.

-Сирри технологияи хушк ва коркарди меваҷотро мутаассифона, дар сехҳо ба шумо нишон намедиҳанд. Аз ин сабаб мо тренинги мазкурро, ташкил намудем, то доир ба нигоҳубини дарахтони мевадор ва тарзи дурусти хушк кардани ҳосилро омӯзед,-чунин буд ҷавоби тренер.

Бо чунин гуфтугӯй тренинг оид ба "Технологияи нигоҳубини дарахтони мевадор, ҷамъ ва хушк кардани зардолу, нок, хуч ва олуча" бо ширкати сокинони ҷавони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара оғоз гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ иттилоонидани ҷавонон оид ба нигоҳубин, шинонидан, буридан ва дуруст ҷамъ кардани ҳосил ва амнияти озуқавории он мебошад. Дар нимаи дуввуми ҳамон руз, баъди қисмати назариявии тренинг, иштирокчиён ба корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Исфарафуд" сафар намуданд.

-Мо дар Исфара низ чунин сехҳои калон дорем?!,-ба ҳайрат афтоданд иштирокчиён тренинг.

ҶДММ "Исфаравуд" аз соли 2011 то ин ҷониб фаъолият дорад. Тӯли 6 сол аст, ки ба коркард ва содироти меваҳои хушк машғул аст.

Иштирокчиёни тренинг аз ҷониби намояндаи корхона бо раванди истеҳсолот,  аз вориди меваҷот то ба фурӯш омода намудани он шиносоӣ пайдо намуданд.

Чун алҳол мавсими коркарди мева оғоз гаштааст, иштирокчиён кунҷкобӣ карданд, ки "оё онҳо хушкмеваи худро метавонанд ба корхонаи "Исфарафуд" фурӯшанд?",  инчунин дар як вақт оид ба ҷойҳои холии корӣ, шароит, ҳаҷми маош дар корхона пурсон шуданд. Бархе аз иштирокчиён ҳар як ҷузъиёти таҷҳизоти дар корхона истифодашаванда ва ҷараёни технологияи истеҳсолотро аз воридоти ашёи хом то маҳсулоти тайёр меомӯхтанд.

Шиносоӣ бо сехи истеҳсолотӣ бо дастгирии директори генералии корхона Ҷамшед Бузуруков имконпазир гардид, ки яке аз бузургтарин содиротчиёни меваҳои хушки шаҳри Исфара ба шумор меравад.

Чорабинии мазкур, тибқи қисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо маблағгузории Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон (АЗИТ) баргузор гардид.

АЗИТ ба маъмурияти корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Исфарафуд"-и Исфара барои ҳамдастӣ дар баргузории чорабинӣ изҳори сипос мегӯяд.

 

Новости

29
ноя

Толерантность и ее виды

Вчера в женском общежитии №2 города Худжанда прошел семинар на тему «Толерантность и ее виды».

Регионы деятельности