Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияхои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон

14
сен

Ҷавонон ба "Исфарафуд" сафар карданд -

Бо чунин гуфтугӯй тренинг оид ба "Технологияи нигоҳубини дарахтони мевадор, ҷамъ ва хушк кардани зардолу, нок, хуч ва олуча" бо ширкати сокинони ҷавони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара оғоз гардид.

5
сен

Саҳми ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ афзун мегардад

Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақаи мазкур, сессияҳои хурд оид ба "Таҳаммулпазирӣ" доир гардид. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд.

31
авг

Ҷавонон низоми ислоҳоти САҲШ-ро вусъат мебахшанд

Маҳз баъди тренинги омӯзишӣ оид ба асосҳои театр барои тренерон имконияти мазкур, ба даҳ нафар ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ ба даст омад. Чорабинї аз 27 то 31 август дар доираи лоињаи "Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон" бо дастгирии Намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон доир гардид.

17
авг

Мастер-класс дар Хистеварз доир шуд

Гурӯҳи тамосии ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳамсолони худ аз деҳаҳои наздисарҳадии Хистеварз (Тоҷикистон) ва Борбордук (Қирғизистон) дастагул тӯҳфа намуданд. Дастагул оддӣ набуда, аз сабзавоту меваҷот иборат мебошад.

8
авг

Фаъолияти ҷомеаҳои наздисарҳадӣ беҳтар мегарданд

Санаи 8 августи соли равон дар шаҳри Исфара бо мақсади баланд бардоштани малака ва маҳорати сокинони ҷавони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон баҳри эътиқод ва сулҳ дар ҷомеаҳои минтақаҳои мазкур, семинар баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият