Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияхои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон
10 майи соли равон барои иштирокчиёни ГТҶ ва дигар сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва иштирокчиён аз Қирғизистон, ки мехостанд бо технологияи ҳунари қолинбофии дастӣ аз наздик шинос шаванд, сафари омӯзишӣ ташкил карда шуд.
Дар озмуни мазкур, 14 нафар наврасону ҷавонон бо барномаи раси, суруд, навохтани асбобҳои мусиқӣ, қироати шеър, суолу посух ширкат варзида, ба даври ниҳоӣ 11 нафар роҳхат гирифтанд.
Имрӯз, дар рӯзи дуюми тренинг оиди “Банақшагирии фаъолияти соҳибкорӣ” иштирокчиён фаъолона ба машғулиятҳо шурӯъ намуданд. Онҳо намунаи бизнес нақшаҳои пешакиро, ки аз тавсифи фаъолият, муносибати маркетингӣ ва нақшаи истеҳсолӣ иборат буданд, пур намуданд.
Имрӯз дар мактаби ҷамоати Мақсади кишвари Қирғизистон Фестивали дӯстии сокинони ҷавони деҳаҳои ҳаммарз: Овчи Қалъача ва Мақсад доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулпазирии байналхалқӣ" дар Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" баргузор шуд.
Пас аз ифтитоҳи толор иштирокчиён ба миз даъват карда шуданд ва меҳмонону мизбонон ҳангоми чойнӯшӣ ҳамдигарро пазироӣ намуданд.
Аммо чорабинӣ дар ин ҷо анҷом наёфт, дар клуби маҳаллӣ ҳамагонро аҷуба дар намуди барномаи фарҳангӣ, ки аъзоёни ГТҶ омода намуда буданд, интизор буд.
Минтақаҳои фаъолият